Қатли блогнависи чечен дар Австрия ба Қодиров иртибот дорад?

Блогнави чечен Тумсо Абдураҳмонов дар блоги худ қатли блогери дигари чечен Мамихан Умаровро ба фармони президенти Чеченистон Рамзан Қодиров итибот медиҳад.

Ба гуфтаи вай, бисёриҳо дар ин бора медонистанд, ки Рамзан Қодиров охирон барои куштани Умаров 20 миллион доллар ваъда дода буд.

Блогер инчунин қайд кард, ки: “Куштори Умаров касеро ба ҳайрат наовард, зеро ӯ раҳбари Чеченистонро ошкоро танқид мекард ва подошаш ба ҷуз марг чизи дигаре набуд».

Гуфта мешавад, ки бо гумони куштори блогер дар маҳали ҳодиса ду шаҳрвандони Чеченистон Саралӣ Ахтаев ва Салман Магамадов боздошт шудаанд.

Манбаъ афзудааст, ки Умаров, як паноҳҷӯи Чеченистон дар Австрия рӯзи шанбе, 4 июл кушта шуд. Бояд гуфт, ки марҳум бо номи Мартин Бек ҳуҷҷат гирифта, таҳти ҳимояти мақомот буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *