Қатораи Тошканд — Маскав — Тошканд барқарор шуд

Ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» аз 24 сентябри соли ҷорӣ дар бораи роҳандозии қатора дар масири Тошканд — Маскав — Тошканд хабар дод.

Алоқаи байни шаҳрҳо дар соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буд.

Тибқи ҷадвал, то охири соли ҷорӣ аз Тошканд ба Маскав 9 қатора ва ба самти муқобил 8 қатора фиристодани онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон бошад, чор сол боз қатора аз Душанбе танҳо самти Волгоград мераваду халос. То ҳол аз барқарор шудани алоқаи мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳо сохторҳои марбута хабар надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *