Қазияи Мадина боз ду мансабдорро бемансаб кард

Тавре хабар дода мешавад, боз ду подполковник дар пайи қазияи Мадина аз кор озод шуданд.
Подполковник Истамзода Машраб, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино яке аз онҳое буд, ки масъулияти назорат бар ҷараёни тафтиши парвандаи Мадинаро бар уҳда дошт, вале бар асоси натиҷаҳои арзёбӣ, «Истамзода дар иҷрои вазифа ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ роҳ додааст.”

Подполковники дуюми барканоршуда Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Синост, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст.

Гуфта мешавад, аксари санадҳо бо тақозои рад кардани шурӯи парванда ва бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани гумонбари асосӣ Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз (Лутфулло) Давлатов,як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва дӯстписари Мадинаро подполковник Шукур Раҳимов тартиб дода, масъулони дигари ШВКД, аз ҷумла подполковник Машраб Истамзода имзо кардаанд.


Баъди қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд ва сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовини аввали прокурори ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *