Қазияи Шуҳрат Исматуллоев: Прокурори генералӣ ҳақиқати ҳолро гуфт (видео)

Рустам Ашӯров дар суҳбати телефонӣ бо модараш аз Молдова гуфта буд, ки ҷасади Шуҳрат Исматулловро ба дарёи Варзоб партофтааст. Аммо имрӯз Прокурори генералӣ дар нишасти матбуотӣ ҳақиқати ҳолро гуфт.

Ӯ зикр кард, ки ҷасади Шуҳрат Исматулловро аз дарёи Зарафшон пайдо кардаанд.

Ба иттилои Парвиз ТВ, ҷасади муовини раиси “Ориёнбонк”-ро 3 нафар моҳигирон дар мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, ба мақомоти қудратӣ хабар додаанд.

Ба гуфтаи моҳидорон, ҷасад ба ҳадде вайрон шуда будааст, ки мард ё зан буданаш маълум набудааст.

Вале ба гуфтаи Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, шахсияти ҷасад аз рӯйи дандонҳояш муайян карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *