Қазоқистон ба Тоҷикистон 16 тонна гӯшт фиристод

Қазоқистон ба Тоҷикистон 16 тонна гӯшт ирсол кард.

Дар ин бора Вазорати кишоварзии Қазоқистон иттилоъ медиҳад.

Қаблан миёни ширкатҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон барои содироти 110 тонна гӯшт барои як сол шартнома ба имзо расида буд.

Инак, моҳи сентябр амалкард дар доираи шартномаи мазкур оғоз ёфт.

Аммо моҳҳои охир гарон шудани нархи гӯшт дар Тоҷикистон нигаронии ҷомеаро ба вуҷуд овардааст. Омилҳои онро мақомоти кишвар гуногун шарҳ медиҳад: қимати хӯроки чорво, афзоиши талаботи аҳолӣ… Ҳоло 1 кг гӯшт дар бозор аз  90 сомонӣ боло ва дар марказҳои тиҷоратӣ 110-120 сомонӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *