Қазоқистон то апрели 2025 аз Сирдарё 11 млрд метри мукааб об мегирад
То моҳи апрели соли 2025 ба Қазоқистон 11 млрд метри мукааб об аз Сирдарё дода мешавад. vlast.kz бо истинод ба Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон менависад, ки чунин қарор зимни ҷаласа дар Ашқобод қабул шудааст.
Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нуржан Нуржигитов бо намояндагони Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид намуда, Қирғизистон ба сифати нозир иштирок кардааст.
Тибқи нақша, то 1-уми апрел ба обанбори Шардара ҳаҷми зарурии об ворид мешавад, ки ба таъмини минтақаҳои ҷануби Қазоқистон бо об барои мавсими обёрии соли 2025 имкон медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ