Қазоқистон “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон берун кард
Дар нишасти намояндагони кишварҳои узви СПАД Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар бораи “баровардани режими Толибон” аз феҳристи террористҳо изҳорот дод.
Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки “Толибон”-ро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Қазоқистон 3 июн хабар дод. «Қазоқистон режими Толибонро бо назардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистони муосир ва дарки он, ки ин режим омили дарозмуддат аст, аз рӯйхати террористӣ хориҷ кард», — омадааст дар хабари дафтари матбуоти Президенти Қазоқистон.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоқаев дар ин бора зимни мулоқот бо раисони палатаҳои парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) изҳорот додааст.
Ба гуфтаи президент, яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳалаи кунунӣ ҷалби фаъоли Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
«Президент ба дастгирии ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато даъват кард», — таъкид менамояд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш аз Путин дархост шуда буд, ки Толибонро аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ хориҷ кунад. Рӯзи 27 май вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати адлияи Русия ба Владимир Путин хабар доданд, ки ҷунбиши тундрави исломии Толибон метавонад аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар кишвар хориҷ карда шавад.
Замир Кобулов, намояндаи вижаи Путин дар умури Афғонистон қаблан гуфта буд, ки хориҷ шудани “Толибон” аз феҳристи террористон дар Русия танҳо пас аз он имконпазир аст, ки ин дар сатҳи Шӯрои Амнияти СММ сурат бигирад. Ва барои ин, гуфт ӯ, “Толибон” бояд нишон диҳанд, ки рафтори “тамаддунӣ” доранд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар шарҳи ин иқдом гуфт, пешниҳоди хориҷ кардани “Толибон” аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ «инъикоси воқеияти объективӣ аст».
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷунбиш қудрати воқеии Афғонистонро муаррифӣ мекунад ва “Русия ба ин бетараф нест”.
Ҷунбиши “Толибон” дар Русия ҳамчун як созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Федератсияи Русия дар соли 2003 пас аз ворид шудани он ба феҳристи дахлдори Шӯрои Амнияти СММ мамнӯъ шуд.
Дар ҳамин ҳол, Маскав солҳои тӯлонӣ бо Толибон робита дорад. Моҳи марти соли 2022 Русия аввалин дипломати ҳукумати Афғонистонро пас аз таҳти назорати Толибон гирифтани қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аккредитатсия кард.
Таъкид: Толибон гурӯҳи террористии фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири кишварҳои дигар мамнуъ аст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ