Қимматфурӯшон боздошту ҷарима шуданд
Мақомоти милитсияи Душанбе барои баланд кардани нархи гӯшт дар арафаи моҳи Рамазон чанд нафарро боздошт кард.
Мақомоти милитсия муайян кардаанд, ки якчанд фурӯшанда, аз ҷумла Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев Шамсиддин, Файзуллоев Бурҳониддин ва Олимзода Бузургмеҳр барои ба даст овардани манфиати бештари молӣ нархи гӯштро беасос баланд кардаанд.
Нисбати онҳо дар асоси моддаи 555 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима пешбинӣ кардааст. Масалан, барои соҳибкорон, ки бо патент фаъолият мекунанд, аз 1500 то 3 ҳазор сомонӣ барои шахсони мансабдор – аз 3750 то 4,5 ҳазор сомонӣ ва барои соҳибкорони бо шаҳодатнома – аз 4,5 ҳазор то 6 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ