Қирғизҳо мехоҳанд бо дуову садақа аз паҳни коронавирус пешгирӣ кунанд

Дар масҷиди ба номи Имом Сарахсии шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона дуои дастаҷамъӣ ва тақсими садақа баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории Сентрал Азия дар такя ба Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон хабар медиҳад.

«Муфтӣ дар суханрониаш гуфт, ки гузаштаҳои мо чунин маросимҳоро ба хотири рафъи офатҳову бадбахтиҳо баргузор мекарданд. Вай бо қироати дуову фотиҳа ба мардум сиҳатӣ, ваҳдат ва сулҳ таманно кард», — омадааст дар хабари Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон.

Ин идора ду гов забҳ ва гӯшти онро ба фақирон тақсим кардааст. Масъулони Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон мегӯянд, маросимҳои мазкур дар минтақаҳои дигари кишвар низ баргузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав сар аз 4 март масоҷид таътил эълом шудааст. Мақомот ҳамчунин баргузории сайру гашти оммавии наврӯзиро бекор карданд.

Арабистони Саудӣ низ аз 27 феврал зиёрати Маккаву Мадинаро мамнуъ кард.

Бояд гуфт, ки шумори умумии гирифторони вируси нав дар саросари ҷаҳон ба бештар аз 109 ҳазор расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *