Қирғизистон ҳам содироти шакарро манъ кард

Қирғизистон ҳам тасмим дорад, ки содироти шакарро берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кунад.

Вазорати кишоварзии Қирғизистон лоиҳаи қарор дар бораи манъи содироти шакар ба берун аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро барои баррасӣ пешниҳод кардааст.

Далели ин тасмим пешгирии хатари эҳтимолии камчинӣ ва болоравии нархи шакар дар бозори дохилии Қирғизистон дониста мешавад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қирғизистон, ҳоло 74 ҳазор тонна захираи шакар вуҷуд дорад. Ҳамчунин, саҳм барои воридоти шакар аз Русия  дар ҳаҷми 28,5 ҳазор тонна муқаррар шудааст. Гуфта мешавад, ки талаботи солонаи Қирғизистон ба шакар 145,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Русия ва Қазоқистон низ содироти шакарро манъ карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *