Қирғизистон барои 9 килло «ҳашиши афғонӣ» шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони фурӯши маводи мухаддир хабар дод. Вазорат гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи деҳаи Ҷаштики вилояти Бодканд, ҳаммарз бо вилояти Суғд, дастгир шудааст.

Гуё аз шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 9 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, санҷиш нишон додааст, ки онҳо «ҳашиши афғонӣ» ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабаре надодаанд.

Бар зидди шаҳрванди Тоҷикистон бо банди «Қочоқи маводи мухаддир» парванда боз шуда, ӯ феълан дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад.

Номи шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷузъиёти дигари қазия дар даст нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё шахси боздоштшуда ба ин иттиҳом чӣ назар дорад ва то куҷо бо вакили мудофеъ таъмин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *