Қирғизистон: COVID-19 марзи 800 нафарро убур кард
Теъдоди гирифторони коронавирус дар Қирғизистон марзи 800 нафарро убур кард, хабар медиҳад РИА Новости.
«4 майи соли 2020 дар Қирғизистон
35 ҳолати нави гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шудааст», гуфтааст
намояндаи мақомоти ин кишвар.
Ба гуфтаи вай, дар байни сироятёфтагон — 9
корманди тиб низ мебошанд. Ҳамин тариқ, шумораи гирифторони сирояти коронавирус
дар Қирғизистон то имрӯз ба 830 нафар расидааст, ки 216 нафарашон кормандони
тиб мебошанд. Аз ин шумораи гирифторшудагон 10 нафар ҳалок гардидаанд ва 575
нафар шифо ёфта аз бемористон мураххас шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ