Қирғизистон карантини 21 рӯза эълон кард

Шурои амнияти Қирғизистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус карантини 21 рӯза эълон кард.

Ба иттилои сомонаи Sputnik Тоҷикистон мақомоти Қирғизистон эълон кардааст, ки карантин дар ин кишвар шурӯъ аз 16 март оғоз шуда, то шашуми апрели соли равон идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, мактабҳо ва донишгоҳҳои Қирғизистон низ таътил шудаанд ва давлат тавсия кардааст, то кӯдакон низ барои пешгирӣ аз густариши коронавирус дар хонаҳои худ бимонанд.
Ҳамчунин сафарҳои кории мақомоти расмӣ мамнӯъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *