Қоқу — давои санги гурда
Қоқу гиёҳи маъмули доругӣ буда, тибқи маълумоти Теофраст, ки яке аз гиёҳшиносони солҳои 372-287 то мелод буд, ин гиёҳ доғи кунҷидакро дур мекардааст. Абӯалӣ ибни Сино бо оби қоқуи тару тоза истисқо (водиянка)-ро табобат мекард.
Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват мекунад. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар ва тамоми бемориҳои вобаста ба ин узв буда, инчунин дарди санги гурдаву масона, диабети қанд, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯстро баэътидоловаранда, ҳамчун доруи иштиҳоовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.
Ҷӯшобаи қоқуро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва дигар даво кор мефармоянд. Он чунин тайёр карда мешавад: як қошуқ решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2-4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд. Доруҳои қоқуро дар амалияи тиби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима, иштиҳоовар ва заҳрарон истифода мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ