Қобилҷон Хушвахтзода: Ба низоми анъанавии таҳсил барнамегардем!

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки донишгоҳ ба низоми анъанавӣ намегузарад ва низоми таҳсил кредитӣ боқӣ хоҳад монд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон бо ҷорӣ шудани имтиҳонҳои шифоҳӣ дар донишгоҳ сарусадоҳо дар мавриди даст кашидан аз низоми кредитии таҳсилот ва гузаштан ба низоми анъанавӣ пайдо шуд. Вале Хушвахтзода мегӯяд, ки имтиҳонҳои шифоҳӣ дар доираи банди 79-и «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифта, маънои баргаштан ба низоми анъанавиро надорад.

«Вобаста ба ин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки қабули имтиҳонро таносуби 60 фоиз ба таври шифоҳӣ ва 40 фоиз дар шакли тестӣ роҳандозӣ намояд»,- гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки аксари устодони донишгоҳҳои кишвар аз низоми кредитии таҳсилот шиква мекунанд. Ба ақидаи коршиносон, низоми нави таҳсилот донишҷӯёнро бесавод кардааст.

Қобилҷон Хушвахтзода мегӯяд, ки иқдоми Вазорати маориф ва илмро дар мавриди шифоҳӣ қабул кардани имтиҳонҳо донишҷӯён ва устодон бо тавсиф ва хушнудӣ пазируфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *