Қодиров ба Эрдуғон ултиматум монд
Бино ба иттилои хабаргузории Rambler, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро пас аз ифтитоҳи боғи ба номи Ҷавҳар Дудаев дар ин кишвар таҳдид кардааст.
“Ба президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ошкоро муроҷиат мекунам: тасмим бигиред! Ё шумо мақоми давлатиеро мегиред, ки ба таври ошкоро террористонро дастгирӣ мекунад, ё муносибатҳои шаффофу ростқавлонаро бо Федератсияи Русия ҷонибдорӣ менамоед”, — навиштааст Қодиров дар шабакаи Telegram.
Тавре ӯ зикр мекунад, дар ҳоле, ки «роҳзанҳо ва авбошони дар кофтуков қарордошта» дар Туркия паноҳ меёбанд ва «ба таври ошкоро гирдиҳамоиву чорабиниҳо ташкил мекунанд, то боғҳоро ба номи террористон иваз кунанд», Русия ба амалҳои ҷавобӣ ҳуқуқ дорад.
Расонаҳои Туркия қаблан аз ифтитоҳи боғе дар шаҳри Кёрфез ба номи Ҷавҳар Дудаев хабар дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ