Қодирова шудан бароям осон набуд

Аз ивази насаб дар 55-солагӣ то тавлиди “Хушдоманҳо” дар суҳбат бо Зулфия Содиқова-Қодирова

Ин навдат бо ҳунарпешаи шинохтаи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский доир ба иваз кардани насаб, паҳлуҳои мусбати Форуми байналмилалии кинематографияи миллӣ дар Маскав, фаъолияти начандон хуби кинотеатри Зебуниссо, тавлиду маъруф шудани “скейч”-и “Хушдоманҳо” дар Ютуб, оғози мавсими нави театрӣ ва умед ба насли нав суҳбати ихтисосӣ анҷом додем.

Чӣ тавр дар 55-солагӣ насабашро иваз кард?

— Вақте ки барои ин суҳбат вақту замонро маслиҳат мекардем, шумо гуфтед, ки ба наздикӣ дар ҳаётатон як ҳодисаи аҷиб шуд ва ба мо нақл мекунад. Биёед, суҳбатро аз ҳамон оғоз кунем.

— Дар театр гуфтанд, ки шиносномаҳоятонро нусха карда, оред. Чун нусхаҳои шиносномаҳоро ба театр бурдем, гапи ивази онҳо ба шакли пластикӣ баромад. Ҳамонҷо қарор додам, ки шиносномаамро иваз мекунам ва ба ҷойи лозима рафтам. Чун ҳуҷҷатҳои даркориро бурдам, масъуле гуфт, ки шумо аз «Содиқова» ба «Қодирова» мегузаред, зеро соли 1991 вақте ки ақди никоҳи расмӣ бастед, насаби шавҳаратонро қабул карда будед. Дар ҳолати ногувор мондам ва назди сардорашон даромадам. Ӯ пешниҳод кард, ки хонаи ақди никоҳ равед ва бо талаби бархе ҳуҷҷатҳо шояд ин мушкилро ҳал кунанд ва гашта оед, мо бо насаби «Содиқова» ба шумо шиносномаи нав медиҳем. Хонаи ақди никоҳ рафтам. Онҳо аз ман ҳуҷҷатҳое талаб карданд, ки аз хати марги волидонам то маълумотномаи ҷои таваллудамро дарбар мегирифт. Бисёр афгор шудам, вале бо вуҷуди мушкилот маълумотномаҳои заруриро бурдам. Ҳамон рӯз дар хонаи ақди никоҳ дар навбат будам, ки зане дар паҳлуям нишаст ва аз ҳолатам бохабар шуд. Пас аз гӯш кардан, ором гуфт:

— Фарзандонатон ба кадом насаб ҳастанд?

— Бо «Қодиров», — гуфтам.

— Пас, шумо ҳам ин насабро қабул кунед, зиндагӣ кирои даводав надорад.

Гапи ҳамон зан ба ман сахт таъсир кард ва шиносномаи навамро ба насаби «Қодирова» гирифтам. Инак, ман пешопеши 55-солагӣ насабамро иваз кардам.

— Шумо соли 1991 оиладор шудед ва аз ҳамон вақт дар хонаи ақди никоҳ расман ба насаби шавҳаратон гузаштаед, пас дар ин 32 сол боре ҳам шиносномаатонро иваз накардед?

— Дар ин муддат ду маротиба шиносномаамро иваз кардам, аммо боре аз ман шаҳодатномаи ақди никоҳ напурсида буданд ва аз рӯйи шиносномаҳои кӯҳнаам ному насабамро навишта медоданд.

— Дар 55 — солагӣ насабатонро расман иваз намудед, чӣ гуна инро қубул кардед?

— Бисёр сахт. Вақте ки дар нуқтаи шиносномадиҳӣ ба қабули насаби «Қодирова» розӣ шудам, фикр кардам порае аз баданамро канданд. Ҳоло ҳам ба худ наомадаам ва мехоҳам то ба худ омадан насабам «Содиқова-Қодирова» навишта шавад.

— Ҳамкорон чӣ хел қабул карданд?

— То ҳол ҳеҷ кас аз театр намедонад, ба ҷуз Мавлона Наҷмиддинова. Вақте ки ба ӯ нақл кардам, чунин гуфт: «Ҳаҷ гап не, то ин дам ба Ватан содиқона хизмат кардӣ, акнун аз ин баъд қодирона хизмат мекунӣ.

Ангеза ба ҷавонон

— Муаллима, шумо ба наздикӣ аз Маскав омадед. Бигӯед, ки мақсади сафаратон чӣ буд?

— Дар Маскав Форуми кинематографияҳои миллӣ баргузор гардид, ки аз ҷумҳуриҳои Осиё Марказӣ, Беларус, Арманистон ва Озарбойҷон гурӯҳи зиёди филмсозон, ки аксаран ҷавонон буданд, иштирок карданд. Гурӯҳи мо аз 9 нафар иборат буд. Ман, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, Файзулло Файзов, Манзари Шералӣ, Умед Мирзоширинов, Шуҳрат Қурбонов, Алиҷон Ҷалилов, Комилҷон Каримов ва Мадина Яковлева.  

— Аз мо касе ҷоиза гирифт?

— Албатта, «Бачаи обӣ»-и Файзулло Файзов соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филм” дар бахши филмҳои баланд гардида, «Додараки фариштаҳои» Умед Мирзоширинов ҳамчун “Беҳтарин филм” дар бахши филмҳои кӯтоҳ эътироф шуд. Инчунин, филмҳои кӯтоҳи Алиҷон Ҷалилов ва Мадина Яковлева иштирок карданд. Ҷоиза гирифтан хуб аст, вале пеш аз ҳама чунин форумҳо ба ҷавонони мо ангезаи зиёд медиҳанд. Чашмашонро мекушоянд, ба ин насл боварӣ ва зиёд кор карданро талқин мекунанд. Тӯли панҷ рӯзе, ки он ҷо будем, бачаҳо хеле зиёд тамошо карданд, маълумоти фаровон гирифтанд, шиносҳои нав ёфтанд.

Кинотеатри Зебуннисо

— Кори кинотеатри Зебуннисо чӣ хел аст?

— Пас аз ҳамагир шудани бемории коронавирус кори Хонаи кино хуб нест. Охирин «Дидор»-амон соли 2019 буд. Ҳамон замон нақша доштем, ки «Дидор»-ро ҳарсола кунем. Яъне, як сол филмҳои мустанад ва соли дигар филмҳои достонӣ баргузор гардад, вале ҳамин тавр монд ва дигар коре карда натавонистем.

— Муаллима, чаро дар кинотеатр аз миёни филмҳои зиёди ватанӣ барои тамошои сокинону меҳмонони пойтахт намемонед?

— Ин фикрро дорем ва Худо хоҳад, ба наздикӣ аз архиви «Дидор» истифода бурда, моҳе ду маротиба филм мемонем то ки мардум омада, ройгон тамошо кунад.

— Ба наздикӣ «Тоҷикфилм» ҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон»-ро ташкил мекунад. Оё дар кинотеатри Зебуннисо филмҳои пешниҳодшуда намоиш дода мешаванд?

— Албатта, дар назар аст, ки қисме аз филмҳои ба ҷашнвора пешниҳодшуда дар кинотеатр намоиш дода мешаванд.

Нақшофарӣ дар ду «Хушдоманҳо»

— Шумо аз ҷумлаи ҳунармандоне ҳастед, ки бо ҷавонон кор мекунед, аз онҳо намегурезед. Чанде пеш сериали кӯтоҳ ё «скейч»-и «Хушдоманҳо» дар ютубканали «Fozilov» нашр гардид, ки хеле хуб пазируфта шуд ва қисми якумашро наздики ним миллион нафар тамошо карданд. Идеяи ин филм чӣ гуна пайдо шуд?

— Як рӯз Илҳомҷон Фозилов ману Моҳпайкар Ёроваро даъват кард. Мо хеле нишастем ва доир ба корҳои эҷодӣ суҳбат кардем. Дар миёни суҳбатамон Моҳпайкар пешниҳод кард, ки филмҳои кӯтоҳи тарбиявӣ бо либосҳои миллӣ созем. Пасон, ҳарсеямон луқма партофтем ва дар ҳамон нишаст сенарияи чор қисми «скейч»-и «Хушдоманҳо» тавлид шуд.

— Филмҳои интернетӣ шуморо дар миёни насли нав хеле хуб мешиносанд. Бигӯед, ки аз ҷиҳати моддӣ чӣ медиҳанд?

— Дар аввал мо сарпараст надоштем ва ҳама харҷ аз ҳисоби Илҳомҷон Фозилов буд, вале чанде пеш сарпараст пайдо шуд ва ҳоло шукр фоидаи моддӣ дорад.

— Шумо пештар дар филми «Хушдоманҳо» нақш офаридед ва вақте ки коргарони он «скейч»-и «Хушдоманҳо»-ро дид, гила накард?

— Аслан, филми «Хушдоманҳо»-ро Файзулло Файзов оғоз намуда буд ва давоми корро Манзари Шералӣ иҷро кард, ки ба номи ӯ сабт шуд. Дар мавриди гила кардан бошад, ҳеҷ ишорае нашуд, зеро жанрҳо, сенарияҳо ва умуман ҳарду маҳсули эҷод аз ҳам фарқ доранд.

Дар намоиш билет намонд

— Муаллима, ба наздикӣ мавсими театрӣ оғоз шуд. Театри шумо бо намоиши «Мастер и Маргарита» дар коргардонии Хуршед Мустафоев мавсимро оғоз кард. Бигӯед, ки он чӣ гуна гузашт?

— Беҳтарин, олӣ гузашт. Мо намоиши мазкурро ду маротиба нишон додем ва ҳамон ду рӯз тамошобинон толорамонро пур карданд.

— Чанд сол шуд бинои асосӣ надоред ва дар ошёнаи сеюми Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳастед. Одат кардед?

— Албатта, вале ман як чизро фаҳмидам. Он ҷойи хурд, моро тифоқтар кард, наздик шудем, якдигарро зиёд шинохтем, дастгирӣ кардем. Акнун сарҷамъии комил дорем, ки дар дилхоҳ макони кушоду барҳаво ҳам аз назди ҳамдигар дур намешавем.

— Бинои нав дар чӣ ҳол бошад?

— Аз рӯйи шунидам сохтмонаш оғоз шудааст. Дар тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

— Шумо як замон яку якбора дар се театри ҷумҳурӣ кор мекардед. Оё ҳоло ҳам чунин талабот ба касбу ҳунаратон ҳаст?

— Не, шояд пир шудаем.

— Ҳунармандони кадом синну сол намерасад дар театр?

— Аз бист то сӣ сола.

— Аз ҷавонон умед доред, ки номи касбатонро мебардоранд?

— Бале, ман ҳамеша умед дорам, ки ҷавонон аз мо беҳтар мешаванд ва ин умедро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, зеро умед аз ҳама охир мемирад.

Мусоҳиб

Сино ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *