Қодирзода аз вазъи таълиму тарбияи ДДХ шинос шуд
Диловар Қодирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафар ба вилояти Суғд аз вазъи таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос шуд.
Диловар Қодирзода аз раванди таълиму тарбия дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи донишгоҳ огоҳ гашта, ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар донишгоҳ тавсияҳои судманд ироа кард. Инчунин, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуд.
Дар ин бора маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазкур хабар додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ