Қоидаҳои қурбонӣ
Иди Фитр ва Иди Қурбон дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих, фарҳанги мардумӣ ва маросимҳои марбут ба дини мубини ислом дар Тоҷикистон мебошад.
Қурбонӣ дар мазҳаби мо
Тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар иди Қурбон то се рӯз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Аснои қурбонӣ кардан шахс метавонад гӯшти қурбониро ҳам худаш бихӯрад ва ҳам ба хешону ҳамсоягонаш миқдоре аз онро бидиҳад. Қурбонӣ як ибодати муҳим ва яке аз шиорҳои Ислом аст, ки решаи таърихии он ба замони Одам (а) бармегардад ва дар замони ҳар як пайғомбар муқаддас будааст
Авфи даҳ гуноҳ
Расули акрам (с) фармуданд: “Ҳар кӣ қурбонӣ кунад, шаҳодат медиҳам, ки аз хуни қурбонӣ қатраи аввал дар замин чакад, Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират кунад”. Ҳазрати Довуд алайҳиссалом гуфт: – «Илоҳо, ба қурбонӣ кардани умматони Муҳаммад (с) чӣ ато мекунӣ?” Аллоҳ таъоло хитоб кард, ё Довуд, ҳар ки аз умматони Муҳаммад (с) қурбонӣ кунад, ба ҳар мӯе, ки дар бадани он қурбонӣ бошад, ба ӯ даҳ некӣ ато карда, даҳ гуноҳи ӯро нест гардонам ва барои ӯ дар биҳишт қасрҳо ато кунам ва Ҳурулийнро насиби ӯ гардонам.
Қоидаи қурбонӣ
Қурбониро бояд, ки баъд аз намози ид бикушанд. Беҳтар он аст, ки қурбониро шахси қурбоникунанда худаш бикушад. Агар натавонад, ба дигаре амр кунад, аммо мустаҳаб он аст, ки дар болои куштан ҳозир бошад. Рӯи қурбониро бояд сӯи қибла гардонад. Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист?» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: Пас, чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мӯи он як ҳасана барои шумо дода мешавад». Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рӯзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю сумби худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас, аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед».
Кадом ҳайвон бояд қурбонӣ шавад?
Ногуфта намонад, ки қурбонии гӯсфанду буз танҳо барои як нафар, аммо гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст. Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад. Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
Аз исроф дурӣ ҷӯед!
Аксари одамон дар рӯзҳои ид, махсусан иди саиди Фитр ва иди Қурбон бо мақсади худнамоӣ тамоми пасандози оилаи худро сарф намуда ва баъзан ҳатто қарзу қавола карда, дастурхони пур аз нозу неъмат меороянд.
Дар бештари ҳолатҳо хӯрданиҳое, ки бо маблағи зиёд ба даст омадаанд, дар рӯйи дастурхон нохӯрда мемонанд ва вайрон мешаванд. Ин исрофкорӣ буда, аз назари дини мубини ислом гуноҳ аст. Исроф — калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ва бемаъние омадааст, ки мардум ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд.
Тавре, ки Унсурмаолии Кайковус қайд намудааст: “Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад”. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китобаш бо номи “Амоли мутлақа” аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки пайғамбар дар ҳадисе фармудаанд: “Бихӯред, садақа диҳед, либос пӯшед, бидуни тахаюлот ва исрофкорӣ”. Саъдии Шерозӣ низ дар мазаммати исрофкорӣ ва иҷтиноб варзидан аз ин амали зарарнок чунин мисраҳои ҷолибро эҷод кардааст: Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун, Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун. Дар Қуръони Карим Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд: Исроф макунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад” (Сураи “Анъом”, ояти 141); Бо ҳамин маънӣ дар ҷои дигар низ ишорат шудааст: Ҳеҷ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст” (Сураи “Исро”, ояти 26-27). Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста, бо аҳли оила ва наздикон шодмонӣ кардан кофист. Луқмони Ҳаким яке аз шахсони сарватманди замони хеш ба ҳисоб рафта, бо чунин дороиҳову сарвати хеш дар бораи сарфу хароҷоти зиёдатӣ, ҳамчунин исрофкориву зоҳирпарастӣ чунин зикр менамояд:
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.
Мардуми мо бояд аз гузаштагони хеш тарзи маъракаороии камхарҷу самимӣ ва маънавиро биомӯзанд, зеро тавре, ки дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, Худованд исрофкоронро дӯст намедорад ва мардумро ба ҷои исрофкорӣ ба садақа додан ба ятимон, бевазанҳо, пирони танҳо ва дигар одамони камбизоат роҳнамоӣ кардааст.
Таҳияи О. Соҳибзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ