Қоидаҳои нави гирифтани маълумотномаи доштан ё надоштани доғи судӣ

Аз 1 январи соли 2025 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои гирифтани маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ пешниҳоди маълумотнома дар бораи гузаштани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (ангуштшиносӣ)-ро ҳатмӣ мегардонад.

Тағирот дар тартиби пешниҳоди ариза

1. Муроҷиати шахсӣ:

Аризаҳо танҳо ҳангоми муроҷиати шахсӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалли зисти аризадиҳанда қабул карда мешаванд. Барои ин ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд:

-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома, билети ҳарбӣ, шаҳодатнома дар бораи тағйири ном ва насаб ё шаҳодатномаи таваллуд барои ноболиғон);

-маълумотнома дар бораи гузаштани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (ба истиснои ноболиғон ва шахсони таҳти парасторӣ қарордошта);

-расиди пардохти хидматрасонӣ (ҳангоми зарурат).

2. Бақайдгирии ариза:

Аризаи пешниҳодшуда тибқи талаботи қонунгузорӣ ба қайд гирифта шуда, барои баррасӣ ба Маркази асосии иттилоотӣ-аналитикии ВКД Тоҷикистон ё бахшҳои минтақавии он равона мегардад.

3. Тартиби ғоибона:

Дар ҳолате, ки аризадиҳанда имкони ҳузури шахсиро надорад, шахси ваколатдор метавонад бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ ариза пешниҳод намояд. Аммо ба шахсоне, ки қаблан бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ нагузаштаанд, маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба таври ғоибона пешниҳод намегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *