Қонунҳои аҷибтарин дар ҷаҳон…

1. Донишҷӯе, ки аз 1 то 15 маротиба дар имтиҳонҳо фиреб мекунад, зиндонӣ мешавад. (Бангладеш)

2. Ба ашхоси то 18-сола нӯшидани пепси манъ аст. (Норвегия)

3. Агар 27 сол дошта бошӣ ва дар ҷое кор накарда бошӣ, бояд оҷил ба хизмати ҳарбӣ биравӣ. (Кореяи Шимолӣ)

4. Синну сол барои иҷозати сигоркашӣ мувофиқи қонун аз 15-солагӣ оғоз мешавад. (Мексика)

5. Харидани мошини амрикоӣ мамнуъ аст ва барои он зиндонӣ мешавед. (Кореяи Шимолӣ)

6. Шаҳодатномаи ронандагиро аз синни 14-солагӣ гирифтан мумкин аст. (Олмон)

7. Тамошои футбол, баскетбол ва филмҳо манъ аст. (Бирма)

8. Фирор аз маҳбас ҷиноятест, ки қонун ҷазои дуюмбора намедиҳад. (Олмон ва Дания)

9. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гиря кардан манъ аст. (Колумбия)

10. Агар мӯи худро ранг кардан хоҳед, бояд аз Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат гиред. (Кореяи Шимолӣ)

11. Пӯшидани шими ҷинси кабуд манъ аст, зеро онҳо рамзи империализми Амрико ҳастанд. (Кореяи Шимолӣ)

12. Зодрӯзи занатро фаромӯш накун. (Ҷазираҳои Самоа)

13. Дар макотиби олӣ ва миёна имтиҳони ниҳоӣ (имтиҳони хатм) вуҷуд надорад. (Шветсия)

14. Шумо метавонед қонуни нав пешниҳод кунед. (Швейтсария)

15. Шахсоне, ки дар роҳ сигнал медиҳанд, ба телефон нигоҳ карда гап мезананд, қонуншиканӣ дониста мешавад. (Дания)

16. Вазни зиёдатӣ ҷиноятест, ки тибқи қонун ҷазо дода мешавад. (Ҷопон)

17. Вақте ки ба одами бегона табассум мекунӣ, зиндонӣ мешавӣ. (Венесуэла)

18. Мактабҳо ҳамагӣ 5 соат кор мекунанд, шумо метавонед ҳар вақт мактабро тарк кунед. (Хорватия)

19. Шумо мушро кушта наметавонед, агар аз ҳукумат иҷозат напурсед. (Ҳиндустон)

20. Истифодаи интернет манъ аст, ба истиснои гирифтани иҷозат аз тамоми вазоратхонаҳо. (Кореяи Шимолӣ)

21. Тамошои телевизор баъд аз соати 12-и шаб манъ аст. (Камерун)

22. Писаратро «Муҳаммад, Абдуллоҳ ё Аҳмад» номгузорӣ кардан манъ аст. (Бирма)

23. Кушодани телефони мобилии шавҳар бе иҷозати шавҳар ҷиноят аст. (Монтана)

Таҳияи Хусрав БОБОБЕКОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *