Қонуни хушбахтӣ. Нависанда Адаш Истад онро шарҳ дод

Ҳар боре, ки оид ба Қонуни Янте навиштан мехоҳам, пеши назарам як анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳангоми пошхӯрии СССР меояд. Дар он анҷуман, ки Аскар Ҳакимро раис интихоб карда буданд, камина ба қавли Додохони Эгамзод даҳ бор аз минбар суханронӣ кардаам.

Дар ин суханрониҳо таъкид бар он доштаам, ки дар як кишвари скандинавӣ, ки аҳолиаш баробар ба Тоҷикистон аст, ба адиб моҳона, яъне нафақа медодаанд, ки адиб барои таъмини рӯзгори худ ба корҳои иловагӣ машғул нашаваду танҳо ба манфиати миллат хизмат кунад. Дар он анҷуман ягон нависанда маро тарафдорӣ накард. Ба ин сабаб бисёр солҳо боз меандешам, ки оид ба қонуни хушбахтии скандинавӣ, ки Қонуни Янте ном дорад, нависам ё нанависам.

Қонуни Янте эҷоди нависандаи Дания ва Норвегия Аксел Сандемус аст, ки ин қонунро дар романи “Гуреза ба изи пояш бармегардад” соли 1933 нашр кардааст. Шаҳри Янте бофтаи хаёлии ин нависанда аст. Ба мисли “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр.

Дар ин шаҳр баробарии иҷтимоӣ ҳукмфармост.

Қонуни Янте:

1. Маяндеш, ки ту махсусӣ.

2. Маяшдеш, ки ту бо мо баробарӣ.

3. Маяндеш, ки ту аз мо донотарӣ.

4. Тасаввур накун, ки аз мо беҳтарӣ.

5. Фикр накун, ки аз мо зиёдтар медонӣ.

6. Маяндеш, ки ту аз мо муҳимтарӣ.

7. Фикр накун, ки ту ҳама корро метавонӣ.

8. Ту набояд ба мо ришханд кунӣ.

9. Фикр накун, ки касе ба ту эътибор медиҳад.

10. Маяндеш, ки ту ба мо панде дода метавонӣ.

Ёздаҳумашро низ аз роман пайдо кардаанд:

11. Мумкин аст, ки мо оид ба ту баъзе чизҳоро медонем?

Давлатҳои скандинавӣ дар рейтинги хушбахтӣ дар ҷаҳон дар мақоми баландтарин қарор доранд. Бисёр мутафаккирон дар ин ақидаанд, ки дар он кишварҳо таъсири адабиёт ба мафкураи мардум хеле қавӣ буда, дар асоси Қонуни Янтеи Аксел Сандемус шакл гирифтааст.

Дар кишварҳои скандинавӣ автобусҳои китобкаш ҳастанд. Масалан дар Дания, ки аҳолияш ҳамагӣ 5 миллион нафар (нисфи мардуми Тоҷикистон) аст, ба мардум шашсад автобус китоб мекашонад, яъне китобхонаи сайёр гӯем, хато набудагист.

Вақте дар Тоҷикистони шӯравӣ журналист Отахон Латифӣ муовини сарвазир шуданд, мактуб навишта, пешниҳод кардам, ки ақаллан дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ китобҳои бадеӣ низ фурӯхта шаванд.

Латифӣ посух дода буданд, ки дар шароити имрӯза имкон надорад.

Баъди мушоҳидаи зиёде ба чунин хулоса омадам, ки мо тоҷикон бояд ба ин кишварҳои пешрафта равем ва биёмӯзем, ки чӣ тавр ба адабиётсолорӣ, аниқтараш насрсолорӣ муваффақ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *