Қонуншиканӣ дар «Яккасарой» (видео)
Дар тарабхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои зиёди вайрон кардани талаботи қонун ошкор гардид.
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, зимни баргузории санҷишҳо директори тарабхонаи мазкур дар чанд ҳолат тӯйи шаҳрвандонро дар тарабхона бидуни бастани шартномаи хизматрасонӣ гузаронидааст, ки ин кори ӯ хилофи қонуни танзим аст.
Ҳолати баргузор шудани маросими арӯсӣ дар вақти корӣ баргузор шудааст. Зимнан, қонуншикании чанд сароянда ва баранда ошкор шудааст, ки онҳо низ бидуни бастани шартномаи хизматрасонӣ ҷашни арӯсиро обод кардаанд.
Илова бар ин, дар тарабхонаи мазкур як сокини маҳаллӣ аснои баргузор кардани маъракаи домодталбон 72 меҳмон даъват карда, се намуд хӯрок зиёфат додааст. Ин чорабиниро маъмури тарабхонаи «Яккасарой» бидуни шартномаи хизматрасонӣ баргузор кардааст.
Нисбати директор, маъмури тарабхона, сароянда, баранда ва сокини маҳаллӣ бо моддаи 481 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Директори тарабхона 81600 сомонӣ, маъмури тарабхона 44200 сомонӣ, баранда ва сароянда ҳар кадоме 51000 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ