Қосим Роҳбар дар маҷмааи бисёрфунксионалӣ ва баландошёнаи Ҳисор (аудио)
Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор аз корҳои сохтмонии маҷмааи «Hisor Мall» дидан намуд, ки он соли 2024 ба истифода дода мешавад.
Маҷмаа бисёрфунксионалӣ ва баландошёна буда, тарҳашро ҶДММ «Архиком-К» омода намудааст. Он аз лиҳози сохту услуби меъморӣ дар ҷумҳурӣ ягонаю нодир будааст. Бино ба иттиллои МИҲД-и шаҳри Ҳисор, маҷмааи бисёрвазифавии баландошёнаи «Ҳисор-Молл»-ро ширкати сохтмонии «Себистон 2018» бунёд менамояд.
Дар ин росто, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, хусусан корҳои оҳану бетонӣ дар пойдевори иншооти ҷашнии «Ҳисор-Молл», ки дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Абдурауф Юсуфов бунёд мешавад, шинос гардидааст.
Масъулони ширкати сохтмонии «Себистон 2018» зимни вохӯрӣ ба раиси шаҳри Ҳисор изҳор доштаанд, ки минбаъд барои вусъати корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар мутахассисону сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб менамоянд. Ба раиси шаҳр ангораи лоиҳаи биноро муаррифӣ намуда, маълумот додаанд, ки тибқи лоиҳа, иншоот аз як бинои 20-ошёна ва ду бинои 17-ошёна бо 93 хонаи якҳуҷрагӣ, 150 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат буда, соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ