Қотили бачакуш девона набудааст (Видео)
Тавре маълум шуд, беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ хулоса додааст, ки зане, ки чор фарзандашро кушта буд, ягон бемории равонӣ надорад. Парвандаи ҷиноятии нисбат ба Назокатхон Тоирова, ки моҳи сентябр фарзандони ноболиғи худро буғӣ карда кушта буд, бо эълони фикри айбдорӣ ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд.
Тавре «Азия плюс » хабар додааст,прокуратураи вилояти Хатлон гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд.“Баъди он ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ ташхис гузарондаву Назокатхон Тоироваро аз назари равонӣ саломат арзёбӣ карданд, муфатиш нисбат ба ӯ бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ айб эълон карда, парвандаро ба суд ирсол кард. Худи Назокатхон Тоироваро аз Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба боздоштгоҳи пешакӣ дар шаҳри Бохтар инқтиқол доданд”, — гуфт манбаъ. Қаблан Назокатхон Тоирова, зане, ки дар ноҳияи Кӯшониён чор фарзанди худро рӯзи 9-сентябри соли равон буғӣ карда кушта буд, барои муайян кардани вазъи равонияш ба Муассисаи давлатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристода буданд.
Пештар бар асоси хулосаи ташхиси судию равонпизишкӣ ва амбулатории Муасисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии” назди Вазорати тандурустӣ Назокатхон Тоирова барои муайян кардани вазъи равонӣ ва ин ки оё гирифтори бемории равонӣ аст ё не, дар беморхонаи бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Кӯшониён Назокатхон Тоирова бо роҳи буғӣ кардан чор фарзанди худро кушта, баъдан худаш ба ШВКД дар шаҳри Бохтар омада аз ин ҷиноят хабар медиҳад. Он замон як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, гуфта буд, ки ин зан кӯдаконро бо шеваи мудҳише ба қатл расонидааст ва нисбати Назокатхон Тоирова бо моддаи 104, қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “и” (куштор) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ