Қотилро 11 сол зиндонӣ карданд, вале боз тирпаррониву кордзаниву куштор
Шоми 30-юми октябр дар ноҳияи Қизилкогини вилояти Атирауи Қазоқистон миёни сокинони деҳаи Сагиз тирпарронӣ сурат гирифт. Дар натиҷа як кас кушта, панҷ тани дигар ҷароҳат бардошт.
Дар натиҷаи тирпарронии ҷавонони саргарму хун дарҷӯш чаҳор тани захм бардошта дар бемористон бистарӣ шудаанд ва як нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи «Омодагӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба куштор» парванда боз шудааст. Тафтишот мегӯяд, иброз доштаст, ки баҳси лафзии ҷавонони деҳа ба тирпарронӣ анҷомидааст.
Дар ин деҳа бори аввал нест, ки чунин ҷанҷол рух медиҳад, менависанд расонаҳо. Моҳи июли соли гузашта дар натиҷаи занозаниҳои гуруҳӣ як ҷавонӣ 27-сола бо захми корд кушта шуда буд. Қотилро 11 сол зиндонӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ