Қозидавлат Қоимдодов 75 –сола шуд
Қозидавлат Қоимдодов — яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Тоҷикистон 75-сола шуд. Ӯ дар гузашта вакили Шӯрои Олӣ, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва Белорус буд. Ҳоло роҳбари Намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон аст.
Ӯ 7 октябри соли 1949 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва мактаби ҳизбии Тошканд аст.
Дар мақомҳои гуногун дар Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Ӯ аз соли 1990 вакили Шӯрои Олӣ буд. Дар иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб муовини раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.
Баъдан, ба сифати муовини сарвазир ҳам кор кардааст.
Қозидавлат Қоимдодов солҳои 2005 – 2009 дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва солҳои 2009 – 2017 ба ҳайси сафир дар Белорус ва кишварҳои назди Балтик фаъолият кард.
Қозидавлат Қоимдодов моҳи декабри соли 2017 ба нафақа фиристода шуд. Дертар роҳбари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ