Қубодиён: Чаро идгардак манъ шудааст? Посухи расмӣ

Як гурӯҳ сокинон аз ноҳияи Қубодиён ба сомонаи Pressa.tj занг зада, гуфтанд, ки аз шуъбаи маориф ва ҳукумати ноҳияи мазкур ба онҳо супориш шудаааст, кӯдакони худро ба идгардак рафтан боздоранд.

Вобаста ба ин масъала мо ба Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар тамос шудем.

Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ба идгардак нарафтани кӯдакон ҳеҷ қарору тасмиме гирифта нашудааст. Мувофиқи ҳама қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идгардакравии кӯдакон дар рӯзи идҳои мусалмонӣ мумкин аст. Аммо тавсия шудааст, ки гузаронидани ҳама гуна ид ва оростани хони идора хоксорона сурат гирад”.
Ба мазмуни мактуби сокинони ноҳияи Қубодиён наздик соли гузашта дар идҳои Рамазону Қурбон дар баъзе навоҳии кишвар аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ барои ба идгардак рафтани кӯдакон баъзан маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буд, аммо ҳамон вақт ҳам расман идгардакро маън накарда буданд.

Сухангӯи Кумитаи дин гуфт, ки дар мавриди манъ кардани кӯдакон барои идгардак рафтан дар ноҳияи Қубодиён шояд қарори ноҳияи мазкур бошад, вале дар сатҳи ҷумҳурӣ чунин тасмиме гирифта нашудааст ва кӯдакон метавонанд дар рӯзи иди Рамазон ба идгардак раванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *