Қудрат Давлатзода: Роҳбар роҳнамост ва корро мутахассис мекунад

Устод Қудрат Давлатзодаро аз замони фаъолият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати декани факултети иқтисод ва идора, муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ, баъдан ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, директори Агентии “Тоҷикстандарт” ва ҳоло ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буданашон мешиносам ва аз кору пайкорашон огоҳам.

Қудрат Давлатзода дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Қудрат Давлатзода замони фаъолият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти назаррас дошт. Ӯ ҳамеша такя ба кадрҳои болаёқат ва дорои диди тоза кардааст. Борҳо дар суҳбатҳои рӯ ба рӯямон мегӯяд: “Такя ба мутахассис намудан самараи корро даҳчанд мекунад. Роҳбар танҳо роҳнамоӣ мекунад ва бештари корро мутахассис анҷом медиҳад. Ҳар касе, ки дар паҳлуи ман фаъолият дошт ва ҳоло дорад, корро аз будаш бештар иҷро мекунад”.

Ҳамин шеваи кори Қудрат Давлатзода аст, ки ӯро бисёриҳо на танҳо иқтисоддони варзида, ки ҳамчунин, солҳо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон кор кардааст, балки чун олим ва нафари чашми кордон мешиносанд.  Шогирдони зиёде тарбия намудааст, ки имрӯз дар сохторҳои калидии блоки иқтисодӣ ва ҳамзамон, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Қудрат Давлатзода дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Тавре ба мушоҳида мерасад, карераи Қудрат Давлатзода зуд рушд кардааст. Ӯ баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (дар гузашта донишкада) таъин гардид. Ҳарчанд дар ин муассисаи олӣ кам кор кард, вале дар замони фаъолияти ӯ ислоҳоти куллӣ ба миён омад. Тавре ҳолдонҳо мегӯянд, аввалин коре, ки Қудрат Давлатзода кард, пеш аз ҳама иртибот бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷудо намудани грантҳо ва тадбиқ дар донишгоҳ буд. Дар ин давра базаи моддӣ- техникӣ ҳам дар заминаи дастгирии шарикон хубтар шуд. Рейтинги таълимгоҳ боло рафта, замина барои табдили номи донишкада ба донишгоҳ гардид. Баъдан, ин шеваи кор идома ёфт ва дар замони Шукрулло Хайрзода донишкада ба донишгоҳ табдили ном кард.

“Дар самти муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирӯз Қодировро ҷалб намудам. Ӯ ҳам хеле дарки тез ва лаёқати хуби корӣ дорад. Умуман, вақти фаъолиятам дар ин донишгоҳ ҳайати хуб буданд, ҳама кори худро иҷро мекарданд. Вақте ҳар кас кори худро содиқона иҷро мекунад ва низоми корӣ ҷорист, азоб намекашед, кор бомаром пеш меравад. Аз ин ҳам роҳбар қаноатманд асту ҳам ҳайти корӣ”,- дар як суҳбате, ки доштем, иброз дошта буд Қудрат Давлатзода.

Қудрат Давлатзода дар “Тоҷикстандарт”

Фаъолияти Қудрат Давлатзода ба сифати роҳбари Агентии “Тоҷиктсандарт” ҳам тӯлонӣ набудааст. Вале он давраи душвор арзёбӣ мешавад. Ӯ андак кор накарда, мавҷи бемории коронавирус аз ҷаҳон ба Тоҷикистон расид. Аммо новобаста ба ин, корҳои назаррас сурат гирифт: таъмири куллии бинои Агентии “Тоҷикстандарт”, равзанаи ягона ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ ва муроҷиати шаҳрвандон, рейдҳо дар бозори истеъмолӣ аз қадамҳои аввали фаъолияти Давлатзода будаанд.

Дар замони роҳбарии ӯ базаи техникии озмоишгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентии «Тоҷикстандарт» тақвият ёфт. Дар самти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, хусусан муайян намудани пестесидҳо, миқдори массавии қанд, ташхиси дақиқи радионуклидҳо ва дигар нишондодҳои сифатии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмоишгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои мақомоти «Тоҷикстандарт» таҷҳизоти муосир насб карда шуданд. Поляриметри «АР-300» Атаго, рефрактометрии RMT Аббе, печи муфелии L 24/11/P 330, тестери «Соэкс», эквизори F4, спектрометри СЕГ-001 «АКП-С»-63 аз номгӯи таҷҳизоти муосири насбшуда мебошанд.

Аз ҳама хотирмонтарин лаҳзаҳо — бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Агентии «Тоҷикстандарт» бинои нави маҷмааи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва санҷиши воситаҳои ченак, ки бо ташаббуси Қудрат Давлатзода бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода дода шуд. Бинои мазкур ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум озмоишгоҳҳои метрологии санҷиши воситаҳои ченак (ҳисобкунакҳои обию барқӣ, таҷҳизоти барқӣ) ва дар ошёнаҳои дуюму сеюм озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ (бо бахшҳои аналитикӣ, физикию кимиёӣ, спектрометрӣ (атомӣ-абсорбсионӣ), элементҳо ва моддаҳои заҳрнок (волтамперметрӣ), ғалладонагӣ ва микробиологӣ) ҷойгир шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.

Қудрат Давлатзода дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Ниҳоят, Қудрат Давлатзода аз “Тоҷикстандарт” ба сифати ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъин гардид. Инак, наздики 3 сол мешавад, ки ӯ дар ин боргоҳи асосии омода намудани муҳандисон ва иқтисоддонҳои оянда фаъолият дорад. Тавре мушоҳида мешавад, ин ҷо ҳам чанд ислоҳот сурат гирифт: ҷобаҷагузории кадрҳо, таъмири куллӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани толори калони маҷлисгоҳ дар бинои асосии донишгоҳ, густариши равобити байналмилалӣ ва бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣ дарак аз давраи роҳбарии ӯ медиҳанд.

Дар як нишасти матбуотӣ рӯзноманигоре эрод гирифт, ки “чаро муовинони ректор ҳама марданд, магар донишгоҳ аз ҳисоби кадри занон танқисӣ мекашад?”. Баъд гузашти чанд вақт муовин оид ба тарбия дар донишгоҳ Бунафша Аҳмадзода таъин гардид.

Ҳоло устохонаи Лу Бан дар Тоҷикистон, ки дар базаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бунёд ёфта истодааст, бузургтарин дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд. Қудрат Давлатзода зимни як нишаст гуфта буд, ки барои таъсиси ин устохона донишгоҳ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дод, то он дар Тоҷикистон бунёд карда шавад.

Озмоишгоҳи моделсозӣ аз дастовардҳои муҳими дигари донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки чанд ҳафта пеш ифтитоҳ ёфт. Озмоишгоҳ бо кумаки техникии барномаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ дар заминаи кафедраи иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обии донишгоҳ таъсис ёфтааст. Он бо беш аз 12 номгӯйи навтарин таҷҳизоти тахассусии истеҳсоли Италия муҷаҳҳаз гардидааст. Дар озмоишгоҳ таҷрибаҳои озмоишии ихтисосҳои сохтмон, геодезия, меъморӣ ва сохтмони гидротехникӣ гузаронида мешаванд.

Ин ҳама хирмане аз кору пайкори устод Қудрат Давлатзода мебошанд, ки замони фаъолият якҷо бо командаашон ба даст омадааст.

Имрӯз, 5-уми апрел, устод Қудрат Давлатзода ҷашни нимасра доранд. Барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дар фаъолияти роҳбарӣ ва илмӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон тавфиқ мехоҳем.

Усмон РАҲИМЗОДА,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *