Қудрати низомии Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ муайян шуд
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии кишварҳо аз рӯи сатҳи қудрати низомии Global Firepower дар байни 145 кишвар дар ҷои 120-ум қарор гирифт. Индекси кишвар 2,6403-ро ташкил дод.
Соли гузашта кишвар дар байни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷои 111-ум қарор гирифта буд.
Қайд карда мешавад, ки нишондиҳанда ҳар қадар камтар бошад, қудрати низомии кишвар ҳамон қадар бештар мешавад.
Коршиносони раддабандӣ 60 омили гуногун, аз ҷумла хароҷоти соҳаи мудофиа, техника ва таҷҳизот, шумораи артиш, дастрасӣ ба захираҳое, ки ба қудрати ҷангии артиш таъсир мерасонанд ва ғайраро арзёбӣ кардаанд.
Омили мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ ба назар гирифта нашудааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар ҷои 62 (1,0692), Қазоқистон 63 (1,0873), Туркманистон 82 (1,5986), Қирғизистон 107 (2,1703) қарор доранд. Афғонистон дар ҷои 114-ум (2,3118) аст.
Кишварҳои дорои қудрати низомии баландтаринро Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин раҳбарӣ мекунанд. Раддабандиро кишвари Бутан ба охир мерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ