Қурби асъор: рубл ҷояшро гирифт, доллар поён шуд (аудио)

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар бозори асъори Тоҷикистон рубл то 0,1516 сомонӣ боло рафтаст, ки ин нишондод рӯзи қабл ба 0,139 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои қарзии ҷумҳурӣ рубл ба ҳисоби миёна ба ивази 0,1447 то 0,1516 сомонӣ харидуфурӯш мешавад, ки баландтарин нишондод тайи ҳафтаҳои охир маҳсуб меёбад.

Ба иттилои БМТ, ҳоло 1 доллари ИМА ба ивази 12.5 то 12.9 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Рӯзи қабл 1 доллар аз 12.9600 то 13.0000 сомонӣ арзиш дошт.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш арзиши рубл дар Тоҷикистон то ҳадде поён рафт, ки ҳатто 1000 рубл аз 100 сомонӣ поён рафта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *