Қурби доллар якбора боло рафт. Чаро?
Бонки миллии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи ахир қурби расмии доллару рублро боло бурд. Як доллари амрикоӣ ҳамакнун ба 11 сомониву 30 дирам баробар шуд.
4 ноябр дар бонкҳои Тоҷикистон як доллар 11 сомонию 30 дирам ва як рубли русӣ ба 14, 25 дирам мубодила мешавад. Як рӯз пеш як доллар 10 сомониву 34 дирам ва як рубл 13, дирам мубодила мешуд. Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз муомилаҳо дар «бозори сиёҳ» ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар гирифта шуд.
Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар як иттилоия хабар дод, ки ин иқдом дар чаҳорчӯби тадобири муқобила бо таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисодиёт, нисбатан муътадил нигоҳ доштани интизориҳои таваррумӣ дар дохили кишвар ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ барои нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, ба танзим даровардани афзоиши ҳаҷми пул дар муомилот тавассути механизму фишангҳои монетарӣ гирифта мешавад.
«Яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, ин идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад», — омадааст дар иттилоия.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,7 фоиз (аз 9,6910 сомонӣ дар аввали сол то 10,3398 сомонӣ дар санаи 30 октябр) коҳиш ёфта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ