Қурби танга ҳам поин рафт. Сомониро чӣ интизор аст? (аудио)

Бонки миллии Қазоқистон мегӯяд, ки барои ҳифзи қурби пули миллии ин кишвар 9-уми март 198,9 миллион доллари амрикоиро ба фурӯш баровардааст.

Қурби тангаи қазоқӣ дар баробари доллар дар пасманзари беқурбшавии рубл баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эъломи таҳримҳои Ғарб зидди Москва ба таври назаррас поин рафт.

Бонки миллии Қазоқистон гуфтааст, ки барои нигаҳ доштани қурби пули миллӣ фурӯши асъори хориҷиро оғоз кардааст. Аз ҷумла, охирҳои моҳи феврал дар давоми чанд рӯз 137 миллион доллар фурӯхта шудааст.

Ин бонк барои ҳифзи қурби танга аз 1 то 5-уми март 534,3 миллион долларро ба фурӯш гузоштааст, ки 60 дарсади ҳаҷми умумии савдоро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *