Қурбонӣ. Ҳангоми хариди чорво чиро бояд ба назар гирифт?

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл Иди Саиди Қурбон таҷлил мешавад. Намоизи ид дар масҷидҳои ҷомеъ соати 6:00 дақиқа муқаррар карда шудаааст. 

Ҳайвони қурбоншаванда бояд аз ҷинси яке аз ҳайвонҳои зерин бошад: буз, гӯсфанд, гов, шутур. Ҳайвонҳои қурбоншаванда чун гӯсфанду буз бояд яксолагиро пур карда бошанд. Агар ҷуссаи гӯсфанди шашмоҳа, монанди гӯсфанди яксола фарбеҳ бошад, онро қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бояд ба назар гирифт, ки гову барзагов барои қурбон шудан дусолагиро ва шутур панҷсолагиро пур карда бошад.

Нисф ва ё зиёда аз сояки думаш бурида набошад.

Шармгоҳ ва ё нӯги синаҳояш бурида шуда набошад.

Як ва ё ду гӯшу биниаш тамоман бурида набошад.

Як ва ё ду чашмаш кӯр набошад.

Аксар ва ё тамоми дандонҳояш рехта набошад.

Ба дараҷае ланг набошад, ки то ҷои забҳ рафта натавонад.

Як ва ё ҳар дуи шохаш аз реша шикаста набошад.

Ба дараҷае лоғар набошад, ки дар устухонҳояш илик намонад ва дар пой истода наметавониста бошад.

Модарзод бе гӯшу бе дум набошад.

Ба дараҷае девона бошад, ки онро на идора карда шаваду на хӯрок дода шавад.

Бемор набошад.

Агар қурбоние, ки пас аз гирифтан/харидан дар вай яке аз нуқсони дар боло зикргардида зуҳур гардад, ба ҷойи он як чорвои дигареро бояд гирифта забҳ намуд. Лек агар чунин ҳолат бо фақире рух диҳад, шарт нест, ки ба ҷойи он дигар чорвоеро гирад.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат — шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад. Ба ин тариқ, рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июл дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *