Қурбон Ҳакимзода бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ шинос шуд
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Восеъ бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ шинос шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, соҳибкори маҳаллӣ Султонов Бахтиёри 35-сола молики коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ буда, коргоҳи мазкур ба истеҳсоли мизу курсии оҳанин машғул аст ва иқтидори истеҳсолиаш 6500 дона мизу курсӣ дар як сол мебошад.
Гуфта мешавад, ки барои бунёди коргоҳи истеҳсолӣ соҳибкор Султонов Бахтиёр тақрибан 90 ҳазор сомонӣ сарф кардааст. Алҳол дар ин ҷо 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва то 2500 сомонӣ музди кор таъмин гардидаанд. Иншооти мазкур дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот сохта шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ