Курбон Хакимзода

Қурбон Ҳакимзода бо як ҳайати тиҷоратии Хатлон вориди Туркия шуд (аудио)

Таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон ба Туркия сафар намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад. Сафари ҳайати беш аз 60 нафараи вилояти Хатлон аз 11 сентябр то 18 сентябр идома ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия барои дар сатҳи баланд иҷро шудани барномаи сафар мусоидат менамояд.

“Ҳайати мазкур аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебелу маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун дидан намуда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур бо роҳбарияти минтақаҳои болозикр вохӯриҳо, инчунин дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса «Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқоти тиҷоратӣ дар шакли В2В» байни ширкатҳои тоҷикию туркӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гарданд”, -иттилоъ доданд аз мақомоти вилояти Хатлон ба Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *