Қурбон Ҳакимзода Чамангулро аз таҳхона баровард (аксҳо)

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба зане, ки дар як таҳхонаи бидуни шароит зиндагии сангин дошт, хонаи навро бо тамоми ҷиҳозаш туҳфа кард.

“Бо супориши раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Чамангул Боймуродова, сокини 39-солаи шаҳри Бохтар ва писари панҷсолааш Юсуфҷон хонаи якҳуҷрагӣ бо тамоми шароит таъмин карда шуд. Чамангул қаблан  дар таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёнаи маҳаллаи 14-уми шаҳри Бохтар зиндагии вазнин дошт. Инчунин, ба ин оила телевизор, сару либос барои худ ва фарзандаш, бозичаҳои кӯдакона, велосипед ва маводҳои ғизоӣ аз номи ҳукумати вилояти Хатлон расонида шуд”,-иттилоъ дод Носирҷон Маъмурзода ба Pressa.tj.

Тибқи иттилои манбаъ, Чамангул бо ҷойи кор таъмин гардида, писараш дар кӯдакистони №7-и шаҳри Бохтар ба таълими ройгон фаро гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар бораи ҳаёти вазнини Чамангул дар расонаҳои кишвар,мавод ба нашр расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *