Қурбон Ҳакимзода мушкилоти беш аз 20-соларо ҳал мекунад

Беш аз 20 сол аст, ки панҷ оила дар ноҳияи Кӯшониён бо мушкилӣ ва дар як шароити ногувор зиндагӣ мекунанд. Деҳаи онҳо ҳанӯз соли 1999 ташкил гардид ва мутаассифона, аз он замон то ҳол на барқ доранду на роҳ. Дурии мактаб ва муассисаҳои тиббӣ зиндагии мушкили онҳоро боз ҳам мушкилтар кардааст.

Ҳанӯз соли 1999 дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш хонаҳои чанде аз сокинони деҳаи Дӯстии ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён шуста шуд. Аз миёни онҳо панҷ оила тахминан каму беш аз се километр дуртар аз деҳа бо замин таъмин шуданд. Тибқи ваъдаҳои осмонии масъулини он вақт, дар назар буд, ки дар наздиктарин муҳлат хати барқ кашида мешаваду роҳе барои рафтуомад бунёд мегардад. Ҳамчунин, сохтмони бунгоҳи тиббӣ низ дар назар буд. Вале, мутаассифона, аз он замон то кунун, яъне беш аз 20 сол мешавад, ки сарнавишти онҳо ҳавола ба тақдир аст ва касе аз масъулин барои бартарафсозии мушкилоти онҳо дасту остин барназадааст.

Рӯзномаи “Тоҷикистон” соли 2021 аз мушкилоти беш аз 20-солаи ин оилаҳо матлаб нашр карда буд. Мутаассифона, ба ин мақола аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Кӯшониён вокуниш карда нашуд.

То зимистон бо барқ таъмин мешаванд

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки гуруҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят рафта бо шароити зиндагии мардум дар ҳамон мавзеъ шинос шуда буданд. Ӯ мегӯяд, онҷо ҳам проблемаи роҳ ва проблемаи барқ аст. “Онҳо ҳам шаҳрвандони мо ҳастанд. Чанд оилае, ки набошад”,- таъкид кард ӯ.

— Чанде пеш як маводи мушаххас шумо пешниҳод карда будед. Кӯшиш мекунем, ки дар навбати аввал то фасли сармо бо хати барқи доимӣ таъмин шаванд. Як трансформатор ва чанд метр симу симчӯб меравад. Метраш зиёд аст. Вале масъала масъалаи иҷтимоӣ аст. Инро ҳаллу фасл кардан даркор. Аз буҷети вилоят маблағ ҷудо мекунем. Баъд масъалаи роҳашро мебинем. Ҳеҷ гап нест. Ин масъала ҳалшаванда аст,- афзуд вай.

Аз санг садо буд, аз мақомот не

Бо гузашти 23 сол, мутаассифона, ҳанӯз мушкили панҷ оила ҳавола ба тақдир аст. Ба қавле, дар ин вақти зиёд аз санг садо буду аз мақомот не.

Умед аст, ки мушкилоти беш аз 20-солаи зикрнамудаамон бо мусоидат ва масъулияту ғамхории Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бартараф карда мешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *