Қурбонии ҷанги бегона. Чаро тоҷикон дар Украина меҷанганд?
Санаи 7-уми ноябр дар шаҳри Тамбови Русия ҷасади Руслан Муллохоловро ба хок супориданд. Номбурда тоҷики навбатиест, ки дар амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина кушта шудааст…
Андовачие, ки тирандоз шуд
Пойгоҳи tvolk.ru дар бораи дафни Руслан Муллохолов хабаре нашр карда, ҳамчунин дар бораи ӯ маълумот додааст.
Руслан Муллохолов 24-уми сентябри соли равон дар наздикии шаҳри Купянски вилояти Харков ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Номбурда соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1999 бо оилааш ба Расказово кӯчидааст. Мактаби миёнаро дар ин ноҳия хонда, пас аз хатми синфи 9-ум дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо ихтисоси андовачӣ-рангуборчӣ таҳсил намудааст.
“Пас аз хизмати ҳарбӣ дар сафи артиши Русия тавассути шартнома хизматро идома дода, ба ҳайси тирандоз дар ҳайати неруҳои шаҳри Тамбов хизмат мекунад. Сержанти хурди гвардия Руслан Муллохолов на як бору ду бор барои иштирок дар амалиёти махсус ба сафари хидматӣ рафтааст”,- менависад ин пойгоҳ.
Руслан Муллохолов бо духтари русе оила бунёд карда, соҳиби духтарчаи 2,5-сола будааст.
Бино ба иттилои пойгоҳи зикршуда, Руслан Муллохолов бо медали “Барои бозгашти Қрим”, “Иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар Сурия”, “Барои ҷасорати ҳарбӣ”, медали Суворов ва медали «Барои шуҷоат» қадрдонӣ гардидааст…
Пораи дилам ба ҷанг меравад…
Бо идомаи ҷанг дар Украина, гузоришҳо дар бораи сафарбар шудани тоҷикон ва зодагони дигари Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия ба ин ҷанг зиёдтар мешавад.
Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое чарх мезананд, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна занони тоҷик писар ва ё наздикони дигарашонро ба ҷанги Украина гусел мекунанд.
Дар яке аз наворҳо метавон дид, ки зане бо забони омехтаи тоҷикиву русӣ бо марде бо номи Саидшоҳ «худоҳофизӣ» мекунад.
Муаллифи саҳифаи «Юсупова 999», ки асосан дар бораи пухтупаз навор нашр мекунад, дертар шарҳ дод, ки дар видео сафарбарии бародараш ба амалиёти низомӣ дар Украина сабт шудааст.
Ӯ дар шарҳи навораш гуфтааст: «Пораи ҷигаратро мебаранду намедонӣ ба куҷо. Касе намедонад ба ӯ чӣ иттифоқ хоҳад уфтод. Аз субҳ ба худ омада наметавонам. Шахсонеро даъват мекунанд, ки аллакай хидмат кардаанд. Дар бораи онҳоеро, ки хидмат накардаанд, чизе намедонам. Маълум шуд, ки бародарам 5-уми сентябр аз ҳақи берун шудан аз Русия маҳрум шудааст. Ӯ 12-уми сентябр ба Тоҷикистон билет дошт. Ҳама чиз пешакӣ тарҳрезӣ шуда будааст».
Дар видеои дигар, ки дар канали «Осторожно Новости» нашр шуд, занон бо ашки чашм мардони ҷавонтар аз сисоларо, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, ба артиш гусел мекунанд.
То эълони «мобилизатсия» ё басеҷ (сафарбаркунии неруҳои эҳтиётӣ ба артиш) дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои сершумори иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина нашр шуда буданд. Коршиосони соҳаи муҳоҷират мегӯянд, сабаби асосии чунин ҳол мавҷудияти мувофиқати душаҳрвандӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар панҷ соли охир наздик ба 200 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.
Қурбониёни ҷанг
Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расида ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.
Ахиран, боз як сарбози тоҷики артиши Русияро, ки ба қавли наздиконаш дар Украина кушта шудааст, ба Тоҷикистон меоранд.
Пайвандони Сулаймонхӯҷа Набиеви 22-сола аз ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара гуфтанд, ҷасади ӯро рӯзи 8-уми июн аз сардхонае дар Вилояти Ростов гирифтаанд.
Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи неруҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз иттилое нест. Дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.
Ҷанги Русия бо Украина, ки Кремл «амалиёти махсус», вале Киев таҷовуз ба қаламраваш меномад, тақрибан чаҳор моҳ боз давом дорад.
Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.
О. СОҲИБЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ