Қурбонзода наберҳояшро ба метро савор карданист

Аз кӯчаҳои марказии Душанбе микроавтобусҳоро бармечинанд, хабар додааст муовини шаҳрдори пойтахт Амирхон Қурбонзода.
Ба гуфтаи вай, ин қарор ба навбат ба тамоми шаҳр дахл хоҳад дошт, чун кори ин намуд нақлиёт на ҳамеша ба талаботи хизматрасонии мусофирон ҷавобгӯ аст.

«Мо ҳама орзу мекунем, ки набераҳои мо дар Душанбе ба метро савор хоҳанд шуд, аммо ҳоло корро аз микроавтобусҳо сар мекунем», — изҳор дошт Қурбонзода.

Феълан, маршруткаҳоро аз кӯчаи марказии Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ барчидаанд. Дар нуқтаҳои дигари шаҳр онҳо хизмат мерасонанд.

Қурбонзода таъкид кард, ки пас аз васеъ кардани ҳудуди шаҳр ба 7,6 ҳазор гектар мушкилии нав дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён омад.

Вай қайд кард, дар ҳудуде, ки ба қисми шаҳр ворид шудаанд, (ноҳияи Рӯдакӣ) наметавон хатсайрҳои тролейбус ва автобус роҳандозӣ кард, зеро он ҷо хати барқ нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *