Қуръони нодирро кӣ дуздид?

Дар Намангон ду марде, ки шаби 10-уми август нусхаи дастнависи Қуръони каримро аз маҷмааи “Султон Увайси Қаранӣ” дуздида буданд, боздошт шуданд.

Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД-и минтақа иттилоъ медиҳад.

Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр буда, бараш 51 сантиметр ва ғафсиаш 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.

— Нусха ба ҷояш баргардонида шуд,- менависад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *