Ҳабиби дуюм. Нурулло Алиев дар як сол 5 рақибашро мағлуб кард
Бисёриҳо Нурулло Алиевро ба Ҳабиб Нурмуҳаммедови шикастнопазир қиёс мекунанд ва ӯро ба истилоҳе “Ҳабиби дувум” мегӯянд. Аммо барои мардуми тоҷик ин шери майдон бояд болотар аз Ҳабиб ва болотар аз ҳар як размовари дигар бошад. Чунки Нуруллост, ки шарафу шони тоҷикро дар риштаи ММА ҳимоя мекунаду дар ҳар набард Парчами Тоҷикистон болои сар мебардорад.
5 ғалаба дар 1 сол
Нурулло дар майдони муҳорибаҳои омехта ситораи навтулӯъ ба ҳисоб меравад, вале шуҳрату шонаш марзи кишварро убур карда, аллакай Осиёро тасхир намуд. Аз дасти ин марди майдон рақибони пурзӯр мағлуб гардидаанд. Мағлуб намудани 5 рақиби пурзӯр дар 1 сол кори саҳлу содае нест, вале барои қаҳрамони мо шикаст додани рақибон ҳадафи асосӣ аст.
Алиев ҳунарнамоии худро дар майдони касбии муҳорибаҳои омехтаи “GFC” аз соли 2018 шурӯъ намуда, дар 5 мусобиқаи гузаронидаи ин ташкилот иштирок намуда, ҳар як дидорашро ба пирӯзӣ хотима додааст.
Аввалин рақиби Нурулло дар мусобиқаи “GFC” размовари рус Сергей Меликов маҳсуб меёфт, ки ин рақобат 4-уми марти соли 2018 баргузор гардида буд ва ӯ рақибашро, тибқи натиҷигирии доварон, бо бартарии зиёд мағлуб намуд.
Рақиби дувуми Нурулло Руслан Мамадбекови доғистонӣ, ки дар мусобиқаҳои GFC рақиби хавфнок маҳсуб меёфт, интихоб гардид. Тамоми мухлисони риштаи ММА интизори набарди ин ду паҳлавон буданд. Билохира рақобат рӯзи 11-уми май дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид ва Нуруллои далеру тавоно дар раунди дувум рақибашро ба накауд фиристод, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ доғистоние интизор набуд. Баъд аз рақобат бо Руслан дигар чашми рақибон аз ин бачаи хоксори тоҷик метарсид ва қувваи зӯру бозуяш ҳам аз чашми сарпарастон дур намонд. Худи ҳамон сол Нурулло ба ширкати нӯшокии қувватбахши “Горила” шартнома баста, дар рақобатҳои минбаъда бо нимтанаи ин ширкат вориди майдон мегардид.
Шикасти доғистонӣ
Агар соли 2018-ро соли Нурулло гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард. Чунки ӯ дар ин сол 4 маротиба вориди ҳашкунҷа гардида, ҳар дафъа низ бо сари баланд аз он берун омадааст. 23-уми сентябри ҳамон сол Алиев бо варзишгари номдори рус Артур Зайнуков вориди ҳашткунҷа гардид. Мусобиқа тезутунд давом карда, то ба раунди севум, яъне давраи ниҳоӣ расид. Дар рафти набард хуб дида мешуд, ки Нурулло аз рақиби хеш билкул фарқ мекунад ва тамоми зарбаҳояш ба ҳадаф мехӯрд. Маҳз бартарии комили ӯро ба назар гирифта, ҳайати доварон ба хулоса омаданд, ки пирӯзиро насиби ӯ гардоданд. Ҳамин тавр Нуруллои далеру тавоно тавонист севумин набарди худро дар мусобиқаи GFC бо ғолибият анҷом диҳад.
Охирин набарди Нурулло бо Рамазон Амирови доғистонӣ рӯзи 30-уми августи соли 2019 баргузор гардид. Набарди мазкур ин дафъа барои варзишгари мо осон наафтод, зеро Рамазон ҳам “туҳфа” набуд. Муҳорибаи Нуруллову Рамазон ҳам бисёр тезутунд оғоз гардида, дар охир ба нафъи варзишгари тоҷик хотима ёфт.
Барои ҳимояи камарбанди мусобиқаи GFC Нурулло зарур буд то рӯзи 9-уми феврал бо варзишгари рус Анвар Чергесов вориди мусобиқа гардад, аммо ҳайати доварон 1 кг кам будани вази Нуруллоро баҳона карда, вақти мусобиқаро мавқуф гузоштанд. Чуноне, ки Нурулло дар бораи набардаш бо Анвар дар саҳифаи “Инстаграм” мегӯяд:
“Ман ба хотири рақобат кардан бо Анвар ба Саратов омадам, аммо доварон 1кг кам будани вазнамро баҳона карда, мусобиқаро ба вақти дигар мавқуф гузоштанд. Ҳатто ман барои баргузор гардидани ин навард аз ҳаққи гонорар ва камарбанд гузаштам, аммо кӯшишам ҳеҷ натиҷа надод”.
Бояд гуфт, ки муҳорибаи Нурулло ва Чергесов бори дувум аст, ки ба вақти дигар гузаронида мешавад. Шояд масъулини месобиқаҳои GFC, ки худ ташкилоти русист аз Нурулло ҳарос доранд, ки дар ҳолати баргузор намудани набарди навбатӣ боз як шаҳрвандашон аз дасти ин шери майдон шармандавор шикаст мехӯрад.
Бо умеди рӯзҳои хубу хуш ба Нурулло Алиеви шикастнопазир барору комёбӣ хоҳонем. Бигзор ҳамеша натиҷаи шикастан ҳамеша ба сирф баробар бошад.
Яҳё Маҳмаднабиев,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ