Ҳалокати 140 нафар дар сармо
Дар натиҷаи сармои шадиди рӯзҳои охир дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ 140 нафар ба ҳолокат расиданд.
Тавре мақомоти Покистон хабар медиҳад, се деҳаи Кашмири ин давлат дар натиҷаи бориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма зери ғарами барф мондаанд. Мақомоти кишвар гуфтаанд, ки аз рӯзи оғози сармо то кунун зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд. Инчунин роҳҳои зиёди мошингард дар ин кишвар баста гардида, ба ҳаракати нақлиёти мусофирбар мушкилӣ эҷод кардааст.
Дар Афғонистон низ дар натиҷаи бориши барфи шадид ва сармо то кунун 39 нафар ҷон додаанд. Аммо ҳукумати ин кишвар мегӯяд , ки шумораи ҳалокшудагон эҳтимоли зиёд шудан дорад, зеро сармои шадид дар ин кишвар то кунун ҳукмфармо мебошад.
Мақомоти Ҳиндустон низ аз марги шаҳрвандонаш бар асари сармо ва барфи зиёд дар шимоли кишвар хабар додааст.
Бино ба иттилои созмонҳои ҳавошиносӣ интизор меравад бориши барф ва сармои шадид дар ин минтақаҳо чанд рӯзи дигар идома мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ