Ҳалокати марди 33-сола: бадии ҳаво ё беэҳтиётии ронанда?
Рӯзи гузашта як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Душанбе дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда чаппа шуд ва мусофири 33-сола ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард.
Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман” – сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромада, дар канори роҳ чаппа шудаст.
Манбаъ хабар медиҳад, ки баъди дарёфти хабари садамаи шадид наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карданд ва ронандаву ҳамроҳи ӯро берун оварданд. Мутааасифона, мусофири мошин бар асари захмҳои шадид дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Рӯдакӣ даргузашт.
Аз аввали соли ҷорӣ вазъи ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфта, баъди бориши барфи шадид ва сардӣ роҳҳо ях бастанд ва дар қисме аз роҳҳои ҷумҳури маъдудият ва басташавии ба амал омад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ