Ҳалокати Мижгона ва Гулнозаи ҷавон дар Панҷакент
Дар ду рӯз ду духтари ҷавон аз шаҳри Панҷакент ба таври ногаҳонӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора рӯзноманигорон Хуршед Фозилов ва Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи фейсбуеиашон хабар доданд.
Бино ба навиштаи Исмоил Зарифӣ Мижгона ба таври тасодуфӣ зери чархи мошин монда, ҷон додааст. Ба гуфтаи Зарифӣ Мижгона шогирдаш буда дар курси дувум (Номи донишгоҳ зикр нагардида аст) таҳсил мекардааст.
Инчунин Хуршед Фозилов дар саҳифааш бо андуҳи зиёд қайд намудааст:
“2 рӯзи охир, 2 нафар духтаракони зебои панҷакентӣ: Мижгона ва Гулноза ҷавонмарг шуданд…
Дӯстонашон мегӯянд, Мижгона духтари шӯхи чеҳракушоде буду Гулноза духтараки ботамкину камгап…
Умеда ва Бону дугонаҳои Гулнозаро ин бегоҳ гирён дидам. Оби чашми Умеда хушк намешуду ҳиқ — ҳиқ аз марги дугонааш мегирист…
Ба марги Мижгона, низ дар инҷо навиштанду гуфтанду гиристанд. Як ҳамсояи Мижгона мегӯяд, дилам аз дунё сард шуд, боварам намеояд, ки ӯ мурдааст”.
Бояд гуфт, ки дар оғози соли равон марги Мижгона ва Гулноз панҷумин ҳодисаи нохӯши ҷавондухтарон дар садамаҳои нақлиёти баҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ