Ҳалокати раиси суд дар садама
Содиқҷон Ваҳҳобзода, раиси суди шаҳри Истаравшан шаби гузашта дар натиҷаи садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти КҲФ, мошини «Опел», ки раиси суд савори он буд, ба Дулани канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2 мусофири сабукрав фавтида, 2 нафари дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.
Ин ҳодиса шаби гузашта соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ронандаи «Опел» Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.
Як нафари дигаре, ки ба ҳалокат расид, сокини 35-солаи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Истаравшан Исроилҷон Ваҳҳобов будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ