Ҳалокати се бародар аз бӯйи газ

Дар ноҳияи ба номи Шароф Рашидови Ӯзбекистон се бародар — 8, 12 ва 14-сола аз бӯйи газ ба ҳалокат расидаанд. Модарашон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, хабар медиҳад centralasian.org.

Ҷасадҳоро падарашон баъди бозгашт аз кор, тақрибан соатҳои 5-и 25 январ пайдо кардааст.

Намояндаи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, «бино ба маълумоти пешакӣ, кӯдакон ҳангоми хоб аз бӯи газ заҳролуд шудаанд».

Манбаъ афзуд, бӯи газ аз таҳхонаи ҳуҷра, ки дар онҷо дастгоҳи гармидиҳӣ насб буд, хориҷ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *