Ҳавои имрӯз абрнок ва боронӣ мешавад

Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳаво абрнок шуда, борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.  

Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона  0+5  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-13 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона    1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ  борон бошиддат борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳо кӯҳӣ борон ва барф меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо боришот шиддат гирифта,  туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм, ва  рӯзона 2+7  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *