Ҳавои имрӯз бебориш аст

Маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳавои рӯзи 14 ноябр тақрибан бебориш аст (ба истиснои баъзе ноҳияҳо), аммо дар аксар минтақаҳои кишвар аз фуруд омадани тумани тунук хабар дода мешавад. 

14-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш буд, баъзан осмони шаҳр бо тумани тунук пӯшида мешавад, аммо тумани зудгузар .  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад.  Ҳарорат шабона  1+3°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Боз ҳам чун дар шаҳри душанбе гоҳ-гоҳе дар баъзе ноҳияҳо омадани тумани тунук дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм мешавад.  

 Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво бебориш буда, туман мефарояд. Шамолаш шарқист, суръати вазиши он аз 2 то 7 метр дар як сония. Дамои ҳаво ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 13+15° гарм хоҳад буд.

Дар вилояти Суғд  баъзан борон ҳам меборад, дар баъзе ноҳияҳо муддате бо туман ҳам пӯшида хоҳанд шуд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм хоҳад буд.

Ҳавои шаҳри Хоруғ  бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб низ ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 11-13° сард, рӯзона 0+2° дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои дигари ВМКБ   ҳавои бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо аз 1 то 6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 6 то 11 хунук, рӯона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад. 

Дар шаҳри Бохтар бориш намешавад, аммо гоҳ-гоҳе дар баъзе ноҳияҳо тум ани тунук мефарояд. Дамои ҳаво шабона 4+6°, рӯзона 15+18 дараҷа гарм мешавад.

  Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 0-5м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 3 то 5 дарҷа гарм ва рӯзона 15+17° гарм мешавад.  

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон баъзан борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 2+7°, рӯзона 14+19 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  -1+6°, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *