Ҳизбҳо пояшонро ба андозаи кӯрпаашон дароз мекунанд

Дар авохири ҳафтаи гузашта анҷумани аксари ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуда ва номзадҳо барои интихобот ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Дар миёни аҳзоби сиёсии кишвар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз ҳама бештар — 28 нафарро ҳамчун номзад ба вакилии парлумони кишвар дар феҳристи ягонаи умуми ҷумҳуриявӣ пешниҳод кард. Ба далели мушкилоти молӣ ҳизбҳои дигар дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 7 то 10 номзадро шомил карданд.

Фаттоҳзода ва дигарон ба Парлумон мераванд

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки рӯзи 13 декабр дар  Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” — и шаҳри Душанбе баргузор гардид, Саидмурод Фаттоҳзода аз мақоми муовини авали раиси ҳизб барканор шуда, ба ин мақом муовини авали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ интихоб гардид. Исми Саидмурод Фаттоҳзода дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҲХДТ таҳти рақами як барои интихоботи парлумонӣ дар соли оянда ворид шуд.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш Раъно Бобоҷониён аз вазифаи муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Хайринисо Юсуфӣ интихоб гардид. Дар кори анҷумани ҲХДТ ҳудуди 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявии Ҳизби халқии демократӣ чеҳраҳои саршиносе чун Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Хайрулло Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” ва чанд вакили феълии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҲХДТ ворид шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1994 бо номи “Ҳизби халқӣ” таъсис ёфта буд. Соли 1998 Президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари он интихоб ва номи ҳизб ҳам ба Ҳизби халқии демократӣ иваз шуд. Аз 4 миллион аҳолии қобили раъй дар Тоҷикистон, ним миллион-беш аз 15 дарсад узвияти ҳизби ҳокимро доранд.  ҲХДТ танҳо ҳизби сиёсии кишвар аст, ки тақрибан дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон бахшҳои ин ҳизб фаъолият мекунад ва дафтари корӣ дорад. Феълан, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон 51 курсии онро намояндагони ҲХДТ дар даст доранд.

Ба кӯрпаашон нигоҳ карда, пояшонро дароз мекунанд

Дар тафовут бо Ҳизби ҳокими халқии демократӣ 6 ҳизби сиёсии дигар ба интихоботи парлумонии 1 марти соли 2020 бо феҳристи мухтасари номзадҳо ширкат мекунанд. Масалан, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 8 номзад бо шумули 4 зан шомил кардааст. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ин ҳизб гуфт, ки гаравпулӣ барои ҳар номзад барои пешниҳоди номзадҳои бештар монеъ эҷод кардааст.

Яъне, имконоти маҳдуди молӣ ҳизбро водор кардааст, ки “ба кӯрпааш нигоҳ карда, пой дароз кунад”. Ҳамзамон, вай зимни як суҳбати телефонӣ таъкид кард, ки бахшҳои Ҳизби сотсиалист дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон талош мекунанд, ки дар ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои худро пешниҳод намоянд. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуривӣ танҳо як курсӣ ба даст оварда буд.

Ҳизби демократии Тоҷикистон низ, ки қаблан дар нақша дошт, ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 10 номзадро пешбарӣ кунад, вале бо мушкилоти мушобеҳ ба феҳристи ҳизбӣ танҳо 4 нафарро шомил кардааст. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ гуфт, ки ҳизб талош дорад дар ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои бештар пешниҳод кунад. “Зеро дар ин гуна ҳавзаҳо пешбарии номзадҳо чандон пурхарҷ нест. Номзад ба ҳангоми сабти ном ба миқдори  5 500 сомонӣ гаравпулӣ супурда, аммо ба ҳангоми таблиғоти пешазинтихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба номзад 4 ҳазор сомонӣ медиҳад. Агар номзад пирӯз ҳам нашуд, танҳо 1500 сомонӣ зарар мебинад, на 5500 сомонӣ”-гуфт вай.

Дар остонаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ таҳаввулоти ҷиддӣ рух дод. Муассис ва роҳбари ҳизб Олимҷон Бобоев дар анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз мақомаш истеъфо дода ва Рустам Қудратов, доктори илми иқтисод ва муовини раиси ҲИИ ба курсии раисӣ нишаст.

Олимҷон Бобоев дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” далели истеъфояш аз раёсати ҳизбро ба бузургсолӣ  ва вазъи саломатиаш марбут хонд. Зимнан, дар анҷумани ҲИИ ба феҳристи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар интихоботи парлумонӣ 7 нафар шомил гардид, ки нисбат ба интихоти соли 2015 ду нафар бештар аст. Ҳамчунин, ин ҳизб қасд дорад, ки дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ номзадҳои худро пешниҳод кунад.

То ҳол ҳизбҳои агарарӣ, коммунист ва сотсиал-демократ дар мавриди пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ тасмиме нагирифтаанд. Дар назар аст, рӯзи 20 декабр Ҳизби агарарӣ, рӯзи 28 декабр Ҳизби коммунист ва рӯзи 5 январ Ҳизби сотсиал-демократ анҷуманҳои қаблазинтихоботӣ баргузор шавад.

Зоиров: “Гарави интихоботиро бекор кунед”

Раҳматилло Зоиров раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки то ҳанӯз иштироки худро дар Интихоботи парлумонии кишвар муайян накардааст, ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда “гарави интихоботӣ”-ро “зиддиконститутсионӣ” арзёбӣ карда, хостори бекор кардани он шудааст.

Раҳматилло Зоиров дар ин муроҷиат барои исботи тақозояш далелҳои зиёде овардааст.

Аз ҷумла, вай бо такя ба моддаи 32.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъоварии гарави интихоботӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро “як амали ғайриконститутсионӣ” арзёбӣ кардааст. Тибқи муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «халқи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода», Конститутсияи амалкунандаро қабул ва эълон намудааст. Раҳматилло Зоиров ба қисми 1 моддаи 49 Конститутсия ишора мекунад, ки дар он омадааст: “Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад”. Дигар принсипҳо барои интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбинӣ карда нашудааст, аз ҷумла, гарави интихоботӣ, яъне сензи молиявӣ.

Ба навиштаи вай, дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба интихотбот 6 намуди сенз (census – баҳомонӣ, аломати тахассусӣ, шарт аз нигоҳӣ молумулки ё молиявӣ) пешбинӣ карда шудааст: сензи синну сол, шаҳрвандӣ, таҳсил, ҷои истиқомат, сензи хизматӣ ва забонӣ. Дар қисми 1 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад”. Дар қисми 5 моддаи 49 омадааст: “Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад”. Ҳамин тариқ, қисмҳои 1 ва 5 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се навъи сензҳои интихоботиро муайян мекунанд: аз рӯи шаҳрвандӣ, синну сол ва таҳсил. Аммо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто ишорае нест, ки ягон сензи молиявӣ муқаррар кардан мумкин аст.

Раҳматилло Зоиров чунин натиҷагирӣ кардааст: Азбаски гарави интихоботӣ, ки дар моддаи 32.1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар шудааст, хилофи моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 49 ва дигар моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъкид мекунад: “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”, ин модда аз рӯзи қабули он эътибори ҳуқуқӣ надорад.

Аз ин лиҳоз, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз Президент Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки гаравпулии интихоботро бекор карда, роҳро барои ширкати баробари ҳизбҳои сиёсии кишвар боз кунад.

Мардони Муҳаммад,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *